Футбольный клуб Истаравшана
Меню
Входа
Поиск
Календарь
«  Сентябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Архив записей
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Главная » 2012 » Сентябрь » 2 » Ба таъхир афтодани чор бозии Лигаи олӣ
16:02
Ба таъхир афтодани чор бозии Лигаи олӣ
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) чор бозии мусобиқаи Лигаи олиро ба вақти дигар гузаронид.

Тавре аз федератсияи мазкур хабар доданд, ин тасмим бо мақсади омодагӣ ва иштироки Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Қатар, ки 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мешавад, гирифта шуд.

Дар асоси дастури мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон чор бозӣ - «Регар-ТадАЗ» - «Равшан» аз 8-ум ба 26-уми сентябр, «Хайр» - «Регар-ТадАЗ» аз 17-ум ба 19-ум, «Энергетик» - ССКА «Помир» аз 17-ум ба 25-ум, «Равшан» - ССКА «Помир» аз 22-юм ба 21-уми сентябр гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш се бозӣ - «Равшан» - «Хуҷанд» - аз 1-уми сентябр ба 31-уми август, «Зарафшон» - «Истиқлол» - аз 8-уми сентябр ба мӯҳлати дертар ва «Истиқлол» - «Хуҷанд» - аз 17-уми сентябр ба мӯҳлати дертар гузошта шуданд.

Инчунин, бо тасмими ФФТ Бозиҳои ½ финалии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр соати 16:00 дастаи «Энергетик» - «Истиқлол» ва «Гвардия» - «Регар-ТадАЗ» миёни ҳам рақобат менамоянд ва бозиҳои ҷавобиашон бошад, рўзи 15-уми август баргузор мешаванд.
Просмотров: 726 | Добавил: olimi_umed9711 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
olimi на Free-lance.ru
     Создатель: Максудов Умед
       Copyright © 2012                                           ФК Истаравшан