Футбольный клуб Истаравшана
Меню
Входа
Поиск
Календарь
«  Сентябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Архив записей
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Главная » 2012 » Сентябрь » 2 » Мавзуна Чориева дар Фестивали ҷавонон ширкат мекунад
16:07
Мавзуна Чориева дар Фестивали ҷавонон ширкат мекунад

Рӯзҳои 31-уми август то 5-уми сентябр Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпии Лондон, бо мақсади вохӯрӣ бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ ба вилояти Суғд меравад. 

Дар ин бора ба TojNews аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд. 

Бинобар иттилои манбаъ, Мавзуна ба шаҳри Хуҷанд ҳамин бегоҳ, соати 19:30 дақиқа тавассути ҳавопаймо меояд.  

Гуфта мешавад, зимни ин сафар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони вилоятӣ ва хориҷӣ, ташкили сӯҳбат дар телевизиони вилоятӣ ва супоридани мукофотпулии раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба Мавзуна Чориева дар назар аст. Миқдори мукофотпулӣ пинҳон дошта мешавад. 

Ҳамчунин, иштироки Мавзуна ва мураббии ӯ дар Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.

Просмотров: 480 | Добавил: olimi_umed | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
olimi на Free-lance.ru
     Создатель: Максудов Умед
       Copyright © 2012                                           ФК Истаравшан